Иштирок ва суханронии Э. Раҳмон дар Форуми дувуми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором
Душанбе, 19 май (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Чианг Майи Шоҳигарии Тайиланд Форуми дувуми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар мавзӯи “Амнияти вобаста ба об ва таҳдидҳои офатҳои табиии марбут бо об” ба кори худ шурӯъ намуд.Барои иштирок дар ин ҳамоиши бузурги минтақавӣ доир ба масоили об Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарони давлатҳою ҳукуматҳо ва намояндагони дигари воломақом аз кишварҳо ва созмонҳои сершумор ба ин ҷо ташриф овардаанд.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин ҳамоиш ба ҳайси роҳбари кишвари пешоҳанг ва ташаббускор дар ҷаҳон доир ба ҳаллу фасли мушкилоти глобалии вобаста ба об даъват шудааст.Тавре зикр гардид, ин ҳамоиш ва бисёр чорабиниҳои дигари минтақавию ҷаҳонӣ вобаста ба об дар доираи даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт” барои солҳои 2005-2015 ва “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”, ки ҳарду бо ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул ва эълон гардидааст, баргузор мегардад.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ “ноил гаштан ба ҳадафҳо дар соҳаи об”-ро “роҳи асосии расидан ба дигар ҳадафҳои рушд” маънидод карда, ҷомеа ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳои Осиёӣ, хусусан Осиёи Марказиро ба ҳамкории созанда дар ин самт даъват намуд.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба 5 мушкили вобаста ба об дар Осиёи Марказӣ ишора кард, ки бартарафсозии онҳо мавқеъгирии судбахш ва ҳамкории созандаро тақозо мекунад:1. Тақсимоти нобаробари захираҳои об дар ҳудуди минтақа;2. Дурнамои эҳтимолии кам шудани захираҳои об дар ояндаи миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат бар асари таъсири раванди тағйирёбии иқлим;3. Афзоиши истеъмоли об бинобар зиёд шудани теъдоди аҳолӣ ва рушди иқтисод;4. Бештар такрор ёфтани офатҳои табиии марбут бо об ва идомаи раванди нобудшавии Баҳри Арал;5. Ҳамкории ғайрикофии кишварҳои минтақа ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мубрами обию энергетикӣ.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори нигаронӣ намуд, ки “манфиатҳои кишварҳои болообу поёноб дар масъалаи истифодаи мавсимии захираҳои об на ҳама вақт бо ҳам мувофиқ меоянд ва боиси сар задани ихтилофоти муайян миёни онҳо мегарданд”.Тавре таъкид гардид, “Осиёи Марказӣ барои таъмини амнияти озуқаворӣ, энергетикӣ ва обӣ ва дар айни замон нигоҳ доштан ва беҳтар гардонидани сатҳи устувори муҳити зист имкониятҳои фаровон дорад. Вале, бинобар мавҷуд набудани ҳамкории кофӣ дар соҳаи об кишварҳои минтақа рӯ ба рӯи мушкилоти мухталиф қарор доранд”.Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҷонибдории устувори Тоҷикистонро аз ҳаллу фасли мусолиматомези мушкилоти зикргардида таъкид дошта, изҳор намуд:“Мо барои ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои ҳамсоя ва дигар тарафҳои манфиатдор барои истифодаи муштараки захираҳои обии худ, ки ҳудуди 60 фоизи захираҳои обии минтақаро ташкил медиҳанд, омода ҳастем”.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсати муносиб иштирокдорони ин форумро ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки рӯзҳои 20-22 августи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






