Иштироки корхонаҳои насcоҷии кишвар дар намоишгоҳи Истанбул
Душанбе,23 май. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Шуруъ аз имрӯз,29-май то 1-уми июни соли равон панҷ корхонаи ресандагӣ –«Неку Хуҷанд», «Олим Текстайл», «Спитамен Текстайлз», «Тента-Кӯлоб» ва «Хима Текстайл» дар даҳумин Намоишгоҳи байналмилалии нассоҷии Истанбул аз Тоҷикистон иштирок мекунанд.Тавре ки дар ин бора аз Маркази байналмилалии тиҷорат дар Душанбе хабар доданд, дар намоишгоҳи нассоҷии Истанбул беш 400 ширкати нассоҷии минтақаҳои Осиё ва Аврупо иштирок карда, яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои соҳавӣ дар минтақа маҳсуб мешавад.Ин намоишгоҳ мизбони беш аз 25 000 боздидкунанда аз тақрибан 50 кишвари ҷаҳон буда, ширкатҳои иштирокчӣ маҳсулоти худ, ба мисли нахи пахта, таҷҳизоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, матоъ, пӯст, маҳсулоти нассоҷӣ, либосворӣ, риштаҳои аз пахта омодашударо ба маърази тамошо хоҳанд гузошт. Даҳумин намоишгоҳи байналмилалии нассоҷии Истанбул ҳамроҳ бо «Текспо Авруосиё-2013» намоишгоҳи 30-юмини таҷҳизоти нассоҷиву дӯзандагӣ ва маҳсулоти кимиёӣ ва «ҲайТекс -2013» панҷумин намоишгоҳи байналмилалии таҷҳизоти фаннии нассоҷӣ баргузор мегардад. Гуфта мешавад, ки Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) барои дуюмин бор пайи ҳам ба иштироки корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон дар намоишгоҳи мазкур мусоидат мекунад. Ин сафар дар чаҳорчӯбаи барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» сурат мегирад. Барномаи мазкур аз ҷониби МТБ амалӣ ва аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад.Ҳадафи Барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» дастгирии рушди устувор ва гуногунсози (диверсификатсия)-и содироти корхонаҳои Тоҷикистон тавассути боло бурдани рақобатпазирии маҳсулоти саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар кишвар ва беҳтар кардани зерсохтори идораи сифат мебошад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






