Иштироки мактабиёни Тоҷикистон дар Олимпиадаи Туркия

Май 27, 2013 11:30

Анқара, 27 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Тавре ки аз Сафорати Тоҷикистон дар Туркия ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, 27 нафар хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи 11 – уми байналмилалӣ оид ба забони туркӣ, ки аз 24 то 26 май дар шаҳри Измир баргузор гардид, иштирок намуданд. Иштирокдорони олимпиада дар ҳошияи он нигораҳои худро намоиш доданд. Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарифов, вазири нақлиёт, баҳрнавардӣ ва алоқаи Туркия Биналӣ Йилдирим ва раиси шаҳри Измир Денизли Абдулқодир Демир ва ғайра сифати нигораҳои намоишгоҳи Тоҷикистонро ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуданд.Олимпиадаҳои байналмилалӣ оид ба забони туркӣ аз соли 2003 инҷониб роҳандозӣ мешаванд.

Май 27, 2013 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш