Кӯмаки ДДХ ба донишҷӯён

Май 28, 2013 15:50

Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). – Бо қарори Шӯрои илмии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров ҳар сол ба донишҷӯёни бепарастор, маъюбон ва оилаҳои камбизоат ёрии молиявӣ расонида мешавад. Тавре ки аз дафтари матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, маблағи умумии ин кӯмак беш аз 51 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҷамъ 28 нафар ятимон, 24 нафар маъюбон ва 268 нафар донишҷӯёни оилаҳои камбизоат таҳсил мекунанд.Қобили зикр аст, ки имрӯз, 28 май, дар бинои асосии донишгоҳ мулоқоти раиси он бо донишҷӯён, ғолибони олимпиадаҳои мухталиф, ҳамчунин донишҷӯёни ятим ва маъюбон баргузор шуда, дар ҷараёни он ба онҳо аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ёрии моддӣ расонида мешавад.

Май 28, 2013 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш