Кӯмаки ихтиёриёни Лондон ба кӯдакон

Май 22, 2013 12:14

Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар»). – Назар ба хабари дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, гурӯҳи ихтиёриёни шаҳри Лондон ният дорад, ки дар шаҳри Хуҷанд иқдоми хайрхоҳонаи «Ба кӯдакон имдод кунед!» — ро роҳандозӣ намояд. Ин чорабинӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳар сол 1 июн баргузор мегардад, рӯи кор оварда мешавад. Назар ба гуфтаи роҳбари гурӯҳи ихтиёриён хонум Серена Травес, ихтиёриён аъзои созмони «Хидмат дар хориҷа» буда ва онро ҳукумати Британияи Кабир маблағғузорӣ мекунад. Ихтиёриён ба се интернати кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд дасти ёрӣ дароз мекунанд.

Май 22, 2013 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш