Ким Тен Ён дар Парлумони Тоҷикистон
Душанбе, 14 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Корея дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, кишоварзӣ, сармоягузорӣ зимни мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо раиси гуруҳи дӯстии Парлумони Корея бо Парлумони Тоҷикистон Ким Тен Ён матраҳ гардиданд. Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки имрӯз вақти он расидааст, ки равобити парлумонҳои кишварҳоямон ба марҳилаи сифатан нав ворид шаванд. Ман мутмаинам, ки ҳарду ҷониб барои амалӣ намудани ин раванд аз имконоти васеъ бархурдор ҳастанд. Мавсуф боздиди гуруҳҳои дӯстиро аз кишварҳои ҳамдигар қадами муассир ва устувор дар роҳи рушди муносиботи Тоҷикистону Корея арзёбӣ кард. Шукурҷон Зуҳуров аз Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намудани Ҷумҳурии Корея дар масоили сиёсӣ дар арсаи байналмиллалӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки Тоҷикистон низ ташаббусҳои инсондӯстонаи Кореяро дар сатҳи байналмилалӣ борҳо дастгирӣ намудааст. Раиси Маҷлиси намояндагон роҷеъ ба имконот ва зарфиятҳои иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Корея сухан ронда, иброз дошт, ки Корея аз лиҳози рушди иқтисодӣ дар миёни давлатҳои ҷаҳон дар мақоми намоён қарор дорад ва махсусан, дастовардҳои ин мамлакат дар соҳаи техника ва технологияи муосир бозорҳои ҷаҳониро тасхир кардааст. Аз ин рӯ, мо метавонем ҳамкориҳои ҷумҳуриҳои худро дар заминаи иқтисодӣ бо истифода аз он таҷрибае, ки ҷониби Корея дорад, тақвият бахшем. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои густариши муносибот дар ин соҳа тамоми имконот мавҷуд аст. Раиси гуруҳи дӯстии парлумонии Корея бо Маҷлиси намояндагон Ким Тен Ён афзуд ки кишвари ӯ ба рушди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон алоқаманд буда, дар оянда низ ин ҳамкориҳоро густариш медиҳад. Ким Тен Ён аз гуруҳи дӯстии парлумонии Маҷлиси намоядагон, даъват намуд, ки дар замони барояшон муносиб аз парлумони Корея дидан намоянд. Дар доираи сафари корӣ гуруҳи дӯстии парлумонии Корея аз осорхонаи Маҷлиси намояндагон ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






