Китоб то ба хонанда расид
Душанбе, 2 май. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» баҳри иҷрои Паёми Президент ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Аз Паём то Паём» дар мувофиқа бо Вазорати фарҳанг нақшаи чорабиниҳо тартиб дод.Муассиса кори то ба хонанда бурда расонидани китобу маҷҷалаҳоро таъмин менамояд. Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ корвони намоиш-фурӯши китобҳои муассисаро таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст» аз моҳи декабри соли гузашта то апрели соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ташкил намуд. Ва ин корвон тайи панҷ моҳ дар мувофиқа бо раисони вилояту шаҳру ноҳияҳо моҳи декабр ва январ дар шаҳри Душанбе, моҳи феврал дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ (ноҳияи Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав, Файзобод, шаҳри Ваҳдат, Турсунзода, Роғун); моҳи март дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд (ноҳияи Шаҳристон, Ғончӣ, Зафаробод, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Исфара, Қайроққум) ва моҳи апрел дар вилояти Хатлон (шаҳри Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Норак, ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Бохтар, Ҷалолуддини Румӣ, Вахш,) ташкил шуд. Дар намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри муассиса дар ҷумҳурӣ зиёда аз 29 843 нусха китоб фурӯхта шуд. Дар радифи намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри муассиса вохӯрии аҳли адаб Алӣ Бобоҷон, Ҷӯра Ҳошимӣ, Юсуфҷон Аҳмадзода, Муҳаммад Ғоиб, Муҳаммад Субҳон, Азизи Азиз ва Сайфулло Маҳкамов бо хонандагони макотиби таҳсилоти умумӣ дар мавзӯи «Вазъи кунунии нашри адабиёти кӯдакону наврасон дар ҷумҳурӣ» баргузор гардид.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






