Консерти ҳисоботии хонандагон дар Ваҳдат

Май 21, 2013 16:40

Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар»,Раъно Нусратуллоева ).-21 май дар Қасри фарҳанги шахри Вахдат консерти ҳисоботии хонандагони мактаби мусиқии ба номи Ф. Солиев ва намоиши корҳои эчодии мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Ваҳдат барпо гардид.Дар он раиси шаҳри Вахдат Анвари Вайсиддин, намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармутахассиси шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии вазорат Абдусамад Хоҷаев, директори коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулови шаҳри Душанбе Б. Яхшиев ширкат намуда, пас аз таҳлил ва баҳогузорӣ хонандагонро ба давом додани омӯзиш дар зинаҳои дуввум ва саввуми таҳсил даъват намуданд. Барномаи консертии толибилмон аз асарҳои композиторони ҷаҳонӣ ва точик иборат буд.Ширкати раиси шаҳри Вахдат Анвари Вайсиддин шаҳодат аз таваҷҷуҳи ҳукумати кишвар ба рушди фарҳанг дар кишвар ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи фарҳанги воло мебошад.Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сармутахассиси Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Раҳматулло Раҳматуллоев хабар дод.

Май 21, 2013 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш