Консерти навозандагони амрикоӣ дар «Вафо»

Май 30, 2013 09:51

Душанбе,23 май. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Гуруҳи навозандагони амрикоӣ баъди консерти худ дар ноҳияҳои Қумсангир ва Панҷакент ба Душанбе омаданд ва дар назар аст шоми имрӯз, 30-юми май дар маркази Вафо (Вефасентр) консерти навбатиро пешкаши ҳаводорони худ намоянд.Гуруҳи овозадори «Stooges bress band», ки роҳбариашро Ҷон Паркинг ба уҳда дорад, тӯли як ҳафта мешавад, ки дар Тоҷикистон қарор дорад ва дар ноҳияҳои кишвар консерти ройгони худро баргузор карда истодааст.Ҷон Паркинг аз ду консерти навбатии худ, ки яке дар Ғарм ва дигаре дар минтақаи Кӯлоб мешавад, дирӯз дар суҳбат бо хабарнигорон иттилоъ дод.Ёдрас мекунем, ки Сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги кишвар санъаткорони амрикоиро ба барномаҳои фарҳангии сафорат даъват мекунад ва гуруҳ барномаҳои консертии худро дар гӯшаҳои амрикоӣ баргузор мекунад.

Май 30, 2013 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш