Корхонаҳои нави хурду миёнаи Суғд

Май 21, 2013 12:10

Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Ҳар сол дар вилояти Суғд 65 корхонаи хурду миёнаи саноатӣ мавриди истифода қарор гирифта, вилоят дар ин бахш байни минтақаҳои ҷумҳурӣ мақоми аввалро касб намудааст. Дар ин бора аз Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.Мувофиқи суханони манбаъ, ҳамаи корхонаҳои нав ба коркарди нахи пахта, истеҳсоли семент, ҳамчунин маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд. Назар ба гуфтаи манбаъ, дар шимоли Тоҷикистон корхонаҳои коркарди пӯсту чарм таъсис ёфтаанд, ки ин ба нишондодҳои саноатии вилояти Суғд таъсири мусбат мерасонад.

Май 21, 2013 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш