Кори кишоварзони Хуросон Эмомалӣ Раҳмонро қаноатманд намуд
Душанбе, 11 май. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аснои сафари худ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон аз мавзеи Фахробод, ҷамоати деҳоти Даҳанакиик ва боғу токзори атрофи он дидан намуда, бо кору кишоварзии деҳқонон аз наздик ошно шуд. Дар ҷамоати деҳоти Даҳанакиик Эмомалӣ Раҳмон аз боғҳои навбунёди олуи сиёҳ ва гелосу зардолу дидан намуд. Тавре ки иттилоъ дода шуд, дар ин ҷо дар масоҳати 56 гектар ниҳоли олуи сиёҳ шинонида шудааст, ки ҳар яке хуб нашъунамо мекунад. Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз серхаридор будани ин навъи мева дар бозори истеъмолӣ ба кишоварзон дастур дод, то баъад аз самар овардани ин ниҳолҳо содироти онро ба хориҷ аз кишвар низ ба роҳ монанд. Ҳамчунин, Сарвари давлат ҷиҳати боз ҳам хубтар нашъунамо намудани ниҳолҳо, рӯёнидани 2-3 ҳосил аз заминҳои корами обӣ ва харҷи заҳмати бештар дар самти рӯёнидани ҳосили баланд ба кишоварзон дастуру маслиҳатҳои муфид дод. Ҳангоми боздид аз боғи зардолуи ин мавзеъ иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо се намуди ниҳоли зардолу дар масоҳати 112 гектар шинонида шуда буд, ки алакай ба бор омадааст. Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки иқлими ноҳияи Хуросон барои боғу такпарварӣ мусоид мебошад ва метавон ин соҳаи муҳими хоҷагии халқро беш аз пеш ривоҷ дод. Сарвари давлат ба кишоварзон тавсия дод, то ҷиҳати боз ҳам самаранок истифода намудан аз замин, дар байни ниҳолҳои парваришшаванда полезӣ, лӯбиё ё дигар намуди сабзавотро кишт намоянд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба кори кишоварзони ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон баҳои баланд дод. Дар ин ҷамоат кишоврзон таҷрибаи нави парвариши ниҳоли себро истифода намудаанд, ки метавон аз 1 гектар то 80 тонна ҳосил ба даст овард. Ба гуфти мутахассисони соҳа ин нишондод нисбат ба нишондиҳандаҳои ҳосили муқаррарӣ 6-7 маротиба бештар мебошад, зеро тавассути ин таҷриба дар ҳудуди як гектар то 2033 ниҳоли себ шинонидан мумкин аст. Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки бо назардошти иқлим ва шароити мусоид ин таҷрибаи муваффақ бояд дар дигар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ниҳолпарвар низ роҳандозӣ шавад. Ҳамчунин, зимни боздиди Сарвари давлат аз мавзеи Ёзӣ иттилоъ дода шуд, ки дар ин мавзеъ дар маҷмуъ 186 гектар боғу токзор парвариш карда мешавад, ки аз ин нишондод 14 гектар зардолу ва 7 гектар ангур алакай ба ҳосил даромадаанд ва ҳудуи 16 гектар боғи бодом, 7 гектар боғи чормағз, 16 гектар боғи гелос, 93 гектар боғи себ, 18 гектар боғи нок, 3 гектар боғи биҳӣ ва 2 гектар боғи челон дар ҳоли нашъунамо қарор доранд. Дар ин мавзеъ Эмомалӣ Раҳмон бо як гуруҳ фаъолони ноҳияи Хуросон мулоқоти ошкоро ва самимӣ анҷом дода, онҳоро бори дигар ба заҳмату меҳнати дучанд ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат, таҳаммулгароӣ, садоқат ба Втан ва дигар арзишҳои инсонпарварӣ ҳидоят намуд. Дар мавзеи Фахробод Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шоҳиди сабзиш ва нашъунамои беш аз 45 гектар боғу токзор, аз ҷумла тут, олу, шафтолу, анҷир, бодом ва чормағз гардид. Тавре ки ба мушоҳида расид, дар ин мавзеъ се гармхона амал менамояд, ки дар он ниҳолҳои лиму ва киви парвариш карда мешавад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи боздиди худ аз ноҳияи Хуросон изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки бояд кори кишоварзони он барои дигар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ниҳолпарвар намунаи ибрат бошад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






