Лоиқ Шералӣ-шоири миллат

Май 25, 2013 10:03

Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Бахшида ба 72-юмин солгарди шоири шаҳири тоҷик, устод Лоиқ Шералӣ 24-уми майи соли равон бо ибтикори факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Лоиқхонӣ» доир гардид. Боймурод Шарифов, декани факултаи мазкур зимни суханронии хеш дар хусуси эҷодиёти шоир ва нақши он дар адабиёти тоҷик изҳори андеша кард. Ба ақидаи ў, Лоиқ Шералӣ шоирест, ки ашъори пурмуҳтавояш дар қалби тамоми мардуми тоҷик нақш бастааст. Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки мавсуф фориғуттаҳсили донишгоҳи мо мебошад. Шеъри устод Лоиқ дарди дили халқи тоҷик аст, аз ин рӯ, дар ҳама лаҳзаҳои зиндагӣ чакидаҳои хомаи ӯ вирди забонҳои моянд.Муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Б.Самиев дар мавзўи «Ҷойгоҳи Лоиқ Шералӣ дар адабиёти муосири тоҷик» маърӯза намуд. Ба таъкиди ӯ, ҳар як мисраи шоир маънии дилчаспу ҷаззоб дорад, ки бо қироати он дили ошиқро эҳсосоти гуворое фаро мегирад. Бузургии Лоиқ дар он аст, ки дар шаклу қолаби нав шеър гуфт, образу тасвирҳои обношустаро дар ашъораш ҷо кард. Ҳатто ибораю истиораҳоеро, ки классикони мо истифода намуда буданд, такрор накард. Баъдан, мудири кафедраи адабиёти тоҷик, дотсент М.Қурбонов дар мавзўи «Лоиқ Шералӣ-шоири миллат» маърўза намуд.Дар интиҳо донишҷўён аз эҷодиёти Л.Шералӣ шеъру ғазалҳо қироат карданд.

Май 25, 2013 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш