М.Маҳмадаминов бекории глобалиро дар Остона баррасӣ мекунад

Май 21, 2013 15:13

Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар» Зарангез Латифова).-Рўзҳои 22-23 майи соли 2013 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми VI иқтисодии Остона баргузор мешавад. Дар назар аст, ки вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов дар форум иштирок ва ба ҳайси яке аз маърўзачиён дар сессияи «Бекории глобалӣ: роҳҳои ҳалли комплексӣ», ки ба масъалаи муҳими шуғли аҳолӣ, сиёсати иҷтимоӣ ва муносибатҳои меҳнатӣ бахшида мешавад, сухан мегӯяд.

Май 21, 2013 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш