Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 30 май (АМИТ «Ховар»). — Имрўз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Дар оғози маҷлис ҳисоботи Раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» шунида шуд.Тавре зикр гардид, тайи 6 соли амал қонуни мазкур ба дигаргунсозии тафаккури иҷтимоию фарҳангӣ ва динии мардум таъсири мусбӣ расонда, ба баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии аҳолӣ мусоидати фаъол намуд. Аз сабаби кам шудани хароҷоти тўю маъракаҳо шумораи тўйҳои хонадоршавии ҷавонон 2 баробар афзун шуд. Дар ин муддат ҳаҷми пасандозҳои пулии аҳолӣ дар бонкҳо 20 баробар зиёд шудааст, ки дар ин раванд ҳам нақши қонуни мазкур намоён аст.Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки барои тарғибу ташвиқ ва дар амал татбиқ намудани фарҳанги сарфаю сариштакорӣ дар миёни аҳолӣ ин қонун нақши муассир мегузорад.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баробари комёбиҳо, ҳамзамон аз риоя нашудани талаботи қонуни мазкур аз ҷониби баъзе мансабдорон, соҳибкорон ва ходимони динӣ изҳори нигаронӣ карда, пешгирии чунин қонуншиканӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳкорро талаб намуд.Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Ҳамчунин ба як зумра қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла “Дар бораи хизмати давлатӣ” ва “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” тағйиру иловаҳо пешниҳод карда шуд. Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара 195 га замин барои васеъ намудани фонди заминҳои наздиҳавлигӣ ва сохтмони мактабу иншооти варзишӣ ҷудо карда шуд.Дар фароварди маҷлис Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки барои мустаҳкам нигоҳ доштани роҳҳои мошингарди минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ва ҳам зебою дилкаш намудани муҳити онҳо аз ду ҷониби ҳамаи роҳҳо дар паҳноии то 100-200 метр боғу ҷангалзор бунёд карда шавад. Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба иҷрои вазифаҳои ҳангоми мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷавонон муайяншуда дода шуд. Таъкид гардид, ки барои таълиму тарбияи дурусти ҷавонон дар рўҳияи ватандўстӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории тоҷикон роҳбарону ходимони давлатии тамоми сатҳу зинаҳо дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимият масъуланд.Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj» дастрас намоед.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






