Маркази нави хидматрасонии бонкӣ

Май 20, 2013 14:06

Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон маркази аввалини хидматрасонии бонкӣ ифтитоҳ гардид.Назар ба хабари роҳбари раёсати қарздиҳии Бонки «Эсхата» Носирҷон Орифов, алҳол теъдоди аҳолии шаҳри Норак 60 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар ин шаҳр муассисаҳои савдо, фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши кишоварзӣ рушду густариш ёфтааст. Аз ин пеш дар шаҳр фақат як бунгоҳи интиқоли маблағ фаъолият дошт. Акнун сокинони шаҳри Норак имконият пайдо намуданд, ки аз хидмати қарздиҳӣ бархӯрдор шуда, фаъолияти соҳибкориашонро вусъат диҳанд.Мувофиқи суханони Носирҷон Орифов, ифтитоҳи маркази нав ба рушди иқтисодиёти минтақа мусоидат намуда, мутобиқ ба дастури роҳбарияти ҷумҳурӣ ҷиҳати дар минтақаҳои душворгузар ифтитоҳ намудани намояндагиҳои бонк мебошад. Имрӯз дар ҳама ҷои ҷумҳурӣ 17 намояндагӣ, 33 маркази хидматрасонии бонкӣ ва қариб 200 бунгоҳи интиқоли маблағҳои Бонки «Эсхата» фаъолият доранд.

Май 20, 2013 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш