Машқҳои амалиёти тактикии «Ҳифз-2013»

Май 4, 2013 09:59

Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Аз 4-ум то 19-уми майи соли 2013-ум дар ҳудуди Вилояти мухтори кўҳистони Бадахшон бо ҷалби сохтору мақомоти давлативу қудратии ин гарнизон ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, аз рўи мавзуи омодагии сафарбарӣ ва маҷмуи машқҳои амалиёти тактикӣ таҳти унвони «Ҳифз-2013» бо тирпаронии ҷанги баргузор мегардад.Тавре ки маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ хабар медиҳад, маҷмӯи машқҳои амалиёти тактикӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ дар се давра ташкилу ба роҳ монда шуда, ба он раисони шаҳру навоҳии Вилояти мухтори кўҳистони Бадахшон, Комиссарони ҳарбӣ ва ҷузу томҳои сохторҳои қудратии ин гарнизон ҷалб мегарданд. Инчунин истифодаи яроқу аслиҳаи мухталифи оташфишон, чархболҳои ҳарбиву нақлиётӣ, техникаҳои зиреҳпуши ҷангӣ ва тупҳо низ дар назар дошта шудааст. Ҳадаф аз баргузории маҷмуи машқҳои амалиёти тактикӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, дар Вилояти мухтори кўҳистони Бадахшон ба сайқали таҷрибаи ҳайати шахсии ширкаткунандагони машқҳо дар ташкили амалиёти бомуваффақонаи ҷангӣ, ҳамоҳангии сохторҳои низомии мамлакат, дар сурати ба вуқўъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, санҷиши дурусти дастаҳои амалиётӣ — тактикӣ, ва ғайраро дар бар мегирад. Машқҳои васеи низомӣ, таҳти роҳбарии сардори Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ, муовини аввали Вазири мудофиа Рамил Нодиров ташкилу ба роҳ монда мешавад.

Май 4, 2013 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш