Моддаи 58-и қонуни конститутсионӣ хориҷ карда шуд
Душанбе, 22 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Тибқи тағйиротҳо аз Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» моддаи 58, ки дахлнопазирии прокурор ва муфаттишонро муқаррар менамояд, хориҷ карда мешавад ва минбаъд аз баъзе ҳуқуқҳои дахлнопазирӣ дигар кормандони прокуратура бархурдор нестанд». Ин матлабро Шерхон Салимзода-Прокурори генералии ҷумҳурӣ зимни баррасии лоиҳаи қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар палатаи поёнии Парлумони мамлакат иброз дошт. Мавсуф зикр кард, ки ин раванд ба талаботи Конститутсия мувофиқат мекунад, зеро дар Конститутсия нисбат ба кормандони прокурорӣ ҳуқуқи дахлнопазирӣ дода нашудааст. Инчунин дар ин маврид ба Прокурори генералӣ боз барои эмин нигоҳ доштани кормандони прокурорӣ -тафтишотии мақомоти прокуратура аз ҳар гуна дахолатҳои беасос ва ғайриқонунӣ ба ҳар ҳол бартарӣ дода шудааст, ки танҳо метавонад прокурори генералӣ оид ба ҳамаи ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ парванда оғоз кунад. Нисбат ба ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррпусионӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул аст. Зикр шуд, ки бо мақсади пешгирии дахолатҳои беасос ва ғайриқонунӣ ба фаъолияти кормандони прокуратура ба моддаи 7-и ин қонуни конститутсионӣ илова намудани қисмҳои 3 ва 4 пешбинӣ гардидааст. Прокурори генералӣ дар назди вакилони Парлумон таъкид кард, ки дар лоиҳаи аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодгардида дар илова намудани қисми 4 ба моддаи 7-қонуни мазкур ибораи кормандони прокурорию тафтишотии мақомоти прокуратура омада буд. Дар лоиҳае, ки имрӯз дар Маҷлиси намояндагон мавриди муҳокима қарор дорад, калимаи «тафтишотии» хориҷ карда шудааст. Чунки муфаттиши прокуратура ба мафҳуми корманди прокурорӣ дохил намешавад. Дар ин маврид муфаттишҳо аз мадди назар ва ҳолатҳое, ки бо ин тағйирот ворид карда мешаванд, дар канор мемонанд. Дар ин росто раиси комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати дастур ва ташкили кор, вакил Азизмад Имомов гуфт, ки лоиҳаи қонун бо мақсади мутобиқ гардонидани меъёрҳои қонуни мазкур ба дигар қонунҳои мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва пешниҳод шудааст. Он ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад, ки нисбат ба прокуророн ва дигар кормандони мақомоти прокуратура, ки ба фаъолияти тафтишотӣ машғул мешаванд, ҳангоми аз тарафи онҳо содир кардани кирдорҳои ҷиноятӣ ва дорои ҳуқуқвайронкунӣ, сари вақт парвандаи ҷиноятӣ ва парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро оғоз кунад. Дар фарҷом Шерхон Салимзода таъкид кард, ки тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонуни мазкур имкон медиҳад, ки ҳама гуна омилҳое, ки барои сӯйистеъмолии мансаб ва коррупсия дар кишвар мусоидат мекунанд, аз байн бардошта шаванд. зеро вазъи ҳуқуқии баъзе табақаҳои ҷомеа аз ҷумла, ҳуқуқи дахлнопазирӣ доштани онҳо боиси содир намудани сӯйистеъмолии мансаб ва дигар қонуншиканиҳои коррупсионӣ гардида, ба фишангҳои таъсиррасонӣ ва мубориза бо коррупсия монеаҳои зиёд ба вуҷуд оварда истодаанд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






