Муқовимат бо шиканҷа тақвият меёбад
Душанбе, 11 май (АМИТ «Ховар»).- Инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои мутамаддин ҷавҳари асосии сиёсати давлатро ташкил медиҳад.Аз ин лиҳоз ҷиҳати ҳифзи ин ҳуқуқу озодиҳо, аз ҷумла пешгирии шиканҷа ва дигар усулҳои норавои таҳқиқу тафтиш дар кишвар заминаҳои боэътимоди ҳуқуқӣ ба миён оварда шудаанд. Манъи азобу шиканҷа ба сатҳи меъёри конститутсионӣ бароварда шуда, дар моддаи 18 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст, ки «ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад». Бо мақсади ба Конвенсияи зидди шиканҷа мувофиқ намудани Кодекси ҷиноятии кишвар 16 апрели соли 2012 ба Кодекси мазкур моддаи нави 1431 бо номи «шиканҷа» ворид карда шуд.Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи зӯроварӣ ва шиканҷаро нисбати иштирокчиёни мурофиа манъ намуда, далелҳои бо роҳи зӯрӣ, таҳдид, азобу шиканҷа, рафтори бераҳмона ва ё усулҳои дигари ғайриқонунӣ ба даст овардашударо беэътибор эълон менамояд.Қонунгузорӣ оиди ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, тартиби дар ҳабс нигоҳ доштан ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ низ истифодаи азобу шиканҷаро манъ менамоянд. Қонунгузории амалкунанда кафолатҳои риояи ҳуқуқи шахсро ба озодӣ аз шиканҷа, аз ҷумла фаҳмонидани ҳуқуқҳои ӯ дар лаҳзаи дастгиркунии воқеӣ,ҳуқуқи даст кашидан аз додани нишондод, дастрасӣ ба ҳимоятгар, шаҳодаткунонии тиббӣ,дар бораи дастгиркунӣ хабардор намудани хешовандон, дар мӯҳлати на дертар аз 72 соат гирифтани иҷозати суд барои ҳабси пешакӣ, шикоят кардан ба суд вобаста ба мӯҳлат ва шароитҳои нигаҳдорӣ дар ҳабс пешбинӣ менамояд. 29 декабри соли 2010 Қонун «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ» қабул карда шуд, ки он амнияти иштирокчиёни мурофиа, аз ҷумла шахсони аз шиканҷа зарардидаро, ки вобаста ба иштирокашон дар мурофиаи судӣ мумкин аст таҳти фишору зӯроварӣ қарор гиранд, таъмин менамояд. Бо мақсади таъмини шароит барои иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори умум дар пешгирӣ ва санҷиши ҳодисаҳои шиканҷа соли гузашта ҷавобгарии ҷиноятӣ барои тӯҳмат ва таҳқир бекор карда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии аксар санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва Конвенсияи зидди шиканҷа мебошад.Оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои байналалӣ мунтазам ҳисоботҳои миллӣ пешниҳод карда мешаванд. Аз ҷумла, моҳи ноябри соли 2012 дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ Маърӯзаи дуюми миллии Тоҷикистон оид ба шиканҷа баррасӣ гардид. Моҳи майи соли 2012 бошад, бо даъвати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маърузачии вежаи СММ оид ба масъалаҳои шиканҷа ҷаноби Хуан Мендез ба ҷумҳурӣ ташриф овард. Маърӯзачии вежа як қатор муассисаи ислоҳӣ ва дигар ҷойҳои нигоҳдории маҳбусонро аз рӯи интихоби худ аз назар гузаронида, бо худи маҳбусон, хешовандони онҳо, адвокатҳо, намояндагони ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, инчунин роҳбарони аксар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар вохуриҳо баргузор намуд. Дар фарҷоми сафарашон Хуан Мендез аз ҷониби Президенти кишвар, ба ҳузур пазируфта шуда, оиди тақвияти минбаъдаи муқовимат бо шиканҷа мубодилаи афкор намуданд.Кумитаи зидди шиканҷа ва Маърузачии вежа оид ба масъалаҳои шиканҷа иқдомоти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи пешгирии шиканҷа мусбӣ арзёбӣ намудаанд.Дар баробари ин, аз ҷониби ин ниҳодҳо ба Ҳукумати кишвар як қатор тавсияҳо оид ба тақвияти минбаъдаи муқовимат бо шиканҷа пешниҳод карда шуданд, ки айни ҳол мавриди иҷроиш қарор доранд. Дар ҷумҳурӣ ниҳодҳои барои риояи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла пешгирии шиканҷа ваколатдор таъсис шуда, бо муваффақият амал мекунанд. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар доираи ваколатҳои худ арзу шикоятҳои шаҳрвандонро оид ба шиканҷа баррасӣ намуда, дар ҳоли зарурат ба ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ ва дигар муассисаҳои пӯшида ташриф меорад. Вазифаи ошкор, пешгирӣ ва тафтиши ҳолатҳои истифодаи азобу шиканҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳдаи мақомоти прокуратура гузошта шудааст.Ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор намудани ҳолатҳои истифодаи шиканҷа мақомоти прокуратура мунтазам дар ҷойҳои нигоҳдории дастгиршудагон ва муассисаҳои ислоҳӣ санҷишҳо мегузаронад. Таҳлили маълумоти оморӣ нишон медиҳад, ки бар асари чораҳои андешидашуда арзу шикоятҳо оид ба шиканҷа ва ҳолатҳои воқеии даст задан ба чунин кирдор сол аз сол кам шуда истодаанд. Чунончӣ, ба мақомоти прокуратура дар соли 2010 –ум 48 , 2011-ум 26 ва дар соли 2012 бошад 22 арзу шикоят оид ба шиканҷа дохил шуда,аз натиҷаи баррасии онҳо соли 2010 -ум 13, 2011- ум12 ва дар соли 2012 бошад, 9 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Дар баробари ин баъзе шаҳрвандон аз таҳаммулнопазирии ҷомеа нисбати шиканҷа истифода намуда, тавассути арзу шикоятҳои бардурӯғ оиди нисбаташон истифода шудани шиканҷа ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва маъмурияти муассисаҳои ислоҳӣ фишор оварданӣ мешаванд. Чунончӣ, 20.02.2013 дар рӯзномаи «Фараж» мақолаи шаҳрванд Ризоев Маҳмурод таҳти унвони «Президент! Писари маро мекушанд» ба нашр расид. Дар он номбурда қайд кардааст, ки дар муассисаи ислоҳии 3/3 шаҳри Хуҷанд писари ӯ Ризоев С. М, ва дигар маҳкумшудагон мавриди лату кӯби шадид қарор гирифтаанд. Бояд қайд кард, ки Ризоев Сунатулло Махмуродович бо ҳукми суди ноҳияи Рудакӣ аз 15 январи соли 2009 барои расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ, ки боиси марги ҷабрдида гардидааст, ба муҳлати 13 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст. Маҳкумшуда Ризоев С.М. дар муассисаи ислоҳии ЯС 3/1 ш.Душанбе адои ҷазо карда, дар давоми адои ҷазо барои риоя накардани қоидаҳои тартиботи дохилии муассиса, нисбаташ 4 маротиба муҷозоти интизомӣ дар намуди танбеҳ ва ворид намудан ба бинои ҷаримавӣ татбиқ карда шудааст. Мувофиқи хулосаи масъулини Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2012 Ризоев С.М. ҳангоми адои ҷазо барои ислоҳ шудан кӯшиш накарда, дар атрофи худ маҳкумшудагони хислати манфӣ ва якчанд маротиба доғи судӣ доштаро муттаҳид намудааст. Ин ҳолатҳо ба суст гардонидани тартибу низом ва ноором сохтани вазъи фаврии муассиса оварда, ба ислоҳшавии маҳкумшудагони дигар таъсири манфӣ доштааст.Бо назардошти ин асосҳо, маҳкумшуда Ризоев С.М. аз рӯи хулосаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар баробари маҳкумшудагони дигар ба муассисаи ҳудуди вилояти Суғд интиқол дода шудааст. Вобаста ба ваҷҳи мақола, ки дар муассисаи ислоҳии ЯС 3/3 Ризоев С.М. ва дигарон мавриди лату куб қарор гирифтаанд, қаблан аз рӯи аризаи волидони онҳо, аз ҷумла Одинаев Махмурод, Юлдошева М., Холмуродова У. ва Тошев Б. бо иштироки коршиносони судӣ-тиббӣ санҷиш гузаронида, ягон осори лату куб дар бадани фарзандони онҳо муайян карда нашуда, бинобар ин асосҳо аз оғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда шудааст. Баъд аз он, ки шикояти хешу наздикони ин маҳкумшудагон тасдиқи худро наёфтанд, ҳамчун нишони эътироз барои аз муассисаи ислоҳии шаҳри Душанбе ба муассисаи ислоҳии 3/3 шаҳри Хуҷанд интиқол шуданашон, як гурӯҳ маҳкумшудагон зери роҳбарии маҳкумшудагон Тошев С.Б. ва Ризоев С.М. нақшаи тайёр намудани маводи бадномкунандаи кормандони муассисаро дар бораи лату куб ва шиканҷа таҳрезӣ намудаанд. Бо мақсади амалӣ сохтани ин нақшаҳои худ маҳкумшудагон тани худро луч карда, бо дасту шланги резинӣ ба бадани ҳамдигар зада, якдигарро пучида, изҳои сохтаи сиёҳу кабудро ҳосил намудаанд. Сипас яке аз онҳо ҳамчун рӯзноманигор амал намуда, бадани сиёҳу кабудшудаи маҳкумшудагони дигарро ба воситаи телефони мобилӣ сабти навор карда, дар ин асно бо онҳо саволу ҷавоб намудааст, ки гӯё онҳо аз ҷониби кормандони муассиса лату куб шуда бошанд. Навори мазкур бо роҳу воситаҳои номаълум аз муассиса бароварда шуда, 12 декабри соли 2012 дар расонаи интернетию хабарии “ozodi.tj” пахш ва боиси муроҷиати хешованди яке аз маҳкумшудагон- Хоҷамуродов Ф. ба рӯзномаи “Azia-Plus” шудааст. Дар рафти санҷиш муайян карда шуд, ки маҳкумшудагон зери таъсиррасонӣ ва маҷбуркунии Тошев С.Б. ва Ризоев С.М., ба тани якдигар осори лату куб ва шиканҷа расонида, тариқи воситаҳои ахбори умум хабари бардуруғро паҳн намудаанд.Оиди ин ҳодиса 4 феврали соли 2013 нисбати маҳкумшудагон Тошев С.Б. ва Ризоев С.М. бо моддаи 332 қисми 2 (кирдорҳое, ки кори ҷойҳои маҳрумият аз озодиро номураттаб месозанд) ва 346 қисми 2 (дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.Ваҷҳҳои дар мақола оварда оиди дар бадани Ризоев С.М. мавҷуд будани ҷароҳатҳои бурридашуда ва навиштаҷоти номи сардори муассиса Арабов санҷида, муайян карда шуд, ки баъди оғоз карда шудани парвандаи ҷиноятии зикршуда 4 феврали соли 2013 маҳкумшуда Ризоев С.М. қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаро риоя накарда, ба талаби қонунии кормандони муассиса ба қисми навбатдорӣ ҳозир нашудааст. Бинобар ин тибқи талаботҳои моддаҳои 120-121 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вайронкунандаи тартиботи дохилӣ бо қарори сардори муассиса ба муҳлати 15 шабонарӯз ба тавқифгоҳи ҷаримавӣ ворид карда шудааст. Баъд аз ин, санаи 6 феврали соли 2013 тахминан соати 15-30 дақиқа назоратчии тавқифгоҳи ҷаримавӣ ошкор кардааст, ки Ризоев С.М. дар ҳуҷраи рақами 2 қарор дошта, бадани худро бо чизе харошида ҷароҳат расонида истодааст. Кормандони шуъбаи фаврӣ ва низоми муассиса ба он ҷо ҳозир шуда, муайян кардаанд, ки Ризоев С.М. бо сангмайдаи аз девор канда гирифтааш дар қафаси синааш бо роҳи соиш дода харошидан (на буридан) изҳои ба навиштаҷот монанд кашидааст. Ин кирдорҳои ӯ фавран пешгирӣ карда шуда, аз ҷониби табиби муассиса ҷои харошидаҳо бо маҳлули ёд безарар гардонида шудааст. Оиди ин кирдораш Ризоев С.М. аз додани баёнот даст кашида, дар рафти суҳбат иброз намудааст, ки бо сабаби зиқ шудан баданашро бо сангча харошидааст. Аз рӯи ин ҳолат бо қарори муфаттиш ташхиси судӣ-тиббӣ таъин гардида, коршиноси судӣ тиббӣ муайян намудааст, ки дар қисми қафаси синаи Ризоев С.М. харошаҳо мавҷуд буда, ин харошаҳо ба ҷароҳати расонидани зарар ба саломатӣ ҳамбастагӣ надошта мансуб дониста шудааст. Ин ҳолатҳо тасдиқ менамоянд, ки ҷароҳатҳои маҳкумшуда Ризоев С.М. ба кормандони муассиса ягон алоқамандӣ надоранд.Ҳамин тавр, ваҷҳҳои дар мақола овардаи муаллиф оиди шиканҷа додани фарзандаш-маҳкумшуда Ризоев С.М. ва гунаҳгор сохтани вай бо мақсади даст кашидан аз нишондоди қаблиаш вобаста ба ҷой доштани шиканҷа дар марги Ҳамза Икромзода, асоси воқеӣ надорад.Айни ҳол, тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ризоев С.М ва Тошев С. Б. идома дошта, бо натиҷаи он қарори дахлдори мурофиавӣ қабул хоҳад гардид. Маркази ахбори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






