Муҳимтарин ахбори ҷаҳон

Май 11, 2013 09:42

Душанбе, 11 май. (АМИТ «Ховар»).-Исроил аз Русия хоҳиш ба амал овардааст, ки ба Сурия мушакҳои навсохти С-300 –ро нафурӯшад. Ҷониби Исроил гуфтааст, ки сухан дар бораи мушакҳои бисёр хатаровар меравад ва бояд ин додугирифт сурат нагирад. — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — Барак Обама рӯзҳои 18-19-уми май бо нахустин сафари расмӣ аз Олмон дидан мекунад. У бори охир аз Олмон соли 2008, ҳанӯз ҳангоми номзад ба мақоми президент будан дидан карда буд. — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — Дар зери вайронаҳои сохтмоне, ки 17 рӯз қабл дар Бангладеш фурӯ рафтаву зиёда аз 1000 кушта дар пай дошт, зане зинда пайдо шудааст. — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — Мақомоти Ироқ гуфтааст, иҷозат намедиҳад, ки ситезаҷӯёни Ҳизби коргарии Курдистон дар қаламрави ин кишвар боқӣ монанд. — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — Уэйн Рунӣ, ҳамлагари «Манчестер Юнайтед» гуфтааст, тобистон дастаашро тарк мекунад. Тахмин мезананд, ки ӯро дастаи «Бавария» харидорӣ хоҳад кард. — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — Чанд марди мусаллаҳи ношинос писари сарвазири собиқи Покистон — Юсуф Ризо Гелониро дар шаҳри Мултони иёлати Панҷоб рабудаандТарҷумаи Баҳманёр Муродов

Май 11, 2013 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш