Муҳоҷир баъди 6 — сол ба Ватан баргашт

Май 11, 2013 09:40

Душанбе, 11 май. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Чанде пеш бо ташаббуси Раёсати Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд фарзанди сокини шаҳри Хуҷанд Коряковтсева Вера Сергеевна, ки 6- сол боз аз Русия ба Ватан наомада буд, ба назди модар баргашт. Дар ин бора сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Абдуллоҳи Қодирӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода афзуд, ки баъди муроҷиати кормандони масъули дастгоҳи Раёсат ба идораю мақомоти дахлдори Федератсияи Русия фарзанди Вера Сергеевна, ки дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дошт, озод ва ба Ватан фиристода шуд. Абдуллоҳи Қодирӣ ҳамчунин гуфт, ки аз ҳамаи муҳоҷирон хоҳиш менамояд, ки дар ҳолати сар задани мушкил ба Хадамоти муҳоҷират тамос бигиранд.

Май 11, 2013 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш