Муаррифии «Химияи биологӣ» дар Академияи таҳсилот

Май 21, 2013 15:14

Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- 20 майи соли ҷорӣ дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон муаррифии китоби дарсии «Химияи биологӣ» баргузор гардид. Китоби мазкур аз тарафи академик У.Зубайдов ва шогирдони ӯ – олимон Ғ.Бобиев , И. Шарипов, А. Ҳайдаров, Ҳ.Тошев ва С. Алимов ба табъ расидааст. Ҷамъомадро президенти Академияи таҳсилот, академик Ирина Каримова ифтитоҳ намуд. Академик Убайд Зубайдов гуфт, ки китоби мазкур бори аввал бо ҳамин унвон ба забони тоҷикӣ чоп мешавад ва барои доираи васеи хонандагон – омӯзгорон, аспирантон ва унвонҷӯёну донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешниҳод гардидааст. Чунон ки муаллиф зикр намуд, аҳамияи химияи биологӣ барои тиб, соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ, саноат ва ғайра ниҳоят бузург аст. Ҳамчунин доир ба махсусиятҳои дигари китоби «Химияи биологӣ» кормандони АТТ, профессорон С. Неъматов ва С. Шербоев фикрҳои муфидро арз намуда, изҳор намуданд, ки агар китоби мазкур бо теъдоди зиёд дастраси хонандагон гардад, кори басо хайре мебуд.

Май 21, 2013 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш