Муаррифии натиҷаи омӯзиши бахши манзили Тоҷикистон

Май 16, 2013 09:38

Душанбе, 16 май.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Муаррифии натиҷаи омӯзиши бахши манзили Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, Комиссияи иқтисодии Аврупоии Созмони Милали Муттаҳид, ки солҳои 2010-2011 гузаронида шуд, бо иштироки зиёда аз 70 мутахассис дар толори конфронсии «Душанбе-Плаза» 14 май баргузор гардид. Мутахассисони маҳаллӣ ва хориҷӣ натиҷаи омӯзиши бахши манзили Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, оид ба беҳдошти бахши манзил, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва истифодаи замин тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда, чораҳои рушди соҳаро баррасӣ намуданд. Дар интиҳои чорабинӣ директори агентӣ зикр намуд, ки дар асоси тавсияҳои муфиди коршиносон оид ба беҳтар намудани бахши манзил, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва истифодаи самараноки замин нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, ҷиҳати амалигардонии он тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Май 16, 2013 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш