Мулоқотҳои Э. Раҳмон бо роҳбари Бонки содироту воридоти Чин ва Губернатори музофоти Хэнан
Душанбе, 20 май (АМИТ «Ховар»).-Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин, ҳамчунин як зумра мулоқотҳои судбахши дигар бо роҳбарони чанде аз сохторҳои соҳибнуфузи Чин анҷом дод.Зимни вохӯрӣ бо Раиси Бонки содироту воридоти Чин Ли Жео Гу нахуст ба роҳбарияти он барои маблағгузории лоиҳаҳои сершумори инфрасохторӣ дар Тоҷикистон арзи сипос карда шуд.Изҳори боварӣ карда шуд, ки минбаъд ҳаҷм ва арсаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо ин бонки бонуфузи Чин афзун хоҳад шуд.Гуфтугӯйи судманд доир ба тезондани маблағгузорӣ барои сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа, татбиқи лоиҳаи “Шаҳри бехатар” — шабакаи идораи автоматии нақлиёт дар шаҳри Душанбе, хатти 500 киловолтаи интиқоли нерӯи барқ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, навсозии зеристгоҳи 500 киловолтаи Регар ва дигар лоиҳаҳои ҳаётан муҳим сурат гирифт.Дар мулоқот бо Губернатори музофоти Хэнан Се Фучжан масоили ҳамкории рушдёбанда, асосан дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ шуд.Ба нахустин натиҷаҳои ин ҳамкорӣ, ки дар ноҳияҳои Ёвон ва Ҷалолиддини Румии Тоҷикистон ба назар мерасад, баҳои баланд дода шуд.Барои густариши бештари ҳамкорӣ дар ин соҳа доир ба сохтмони як корхонаи истеҳсоли тухмии зироатҳо ва корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ тавофуқ ҳосил шуд.Масоили ҳамкорӣ дар дигар самтҳои барои ҳарду ҷониб судбахш низ баррасӣ шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






