Мулоқотҳои Э. Раҳмон бо роҳбарони як қатор ширкатҳои Чин
Душанбе, 19 май (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Шоҳигарии Таиланд барои анҷом додани сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин омад.Мулоқоту музокироти сатҳи олии миёни Тоҷикистону Чин дар шаҳри Пекин пагоҳ баргузор мегардад.Имрӯз баробари ворид шудан ба шаҳри Пекин Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанд мулоқоти судбахш бо роҳбарони як зумра сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин анҷом дод.Дар мулоқот бо роҳбари ширкати Чайна глобал Хуан Ҷянжун ва Президенти Иттиҳодияи саноати кӯҳӣ Ван Хайтао масоили рушди ҳамкорӣ доир ба густариши истеҳсолот дар ширкати муштараки кӯҳкории Тоҷикистону Чин Зарнисор ва ташкили ҳамкорӣ дар дигар конҳои Тоҷикистон баррасӣ шуд.Зикр гардид, ки ширкати Чайна глобал тасмим дорад, дар марҳилаи якуми бунёд ва рушди ширкати муштараки Зарнисор беш аз 250 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ карда, ҳамчунин дар шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) як комбинати бузурги металлургӣ бунёд намояд. Шумораи коргарони ин ширкат аз Тоҷикистон бояд ба 2-3 ҳазор нафар расонда шавад.Аз роҳбарияти ширкати Чайна глобал талаб карда шуд, ки корҳоро барои бунёди корхонаи металлургӣ суръат бахшида, дар бунёди инфрасохтори коммуникатсионию иҷтимоӣ низ иштироки фаъол дошта бошад.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин ширкатҳо тавсия дод, ки барои дастрасӣ пайдо кардан ба конҳои нави маъданҳои кӯҳии Тоҷикистон дар озмунҳои байналмилалӣ иштирок намоянд, зеро ҳоло ин кор танҳо тавассути чунин озмунҳо имконпазир аст.Дар мулоқот бо роҳбари ширкати Дунин доир ба сармоягузорӣ ва рушд Го Жэнсян масоили вобаста ба сохтмони корхонаи коркарди нафт дар ҷануби Тоҷикистон баррасӣ шуд.Тавре зикр гардид, ин корхона дар солҳои наздик бояд бо иқтидори солонаи коркарди 1 миллиону 200 ҳазор тонна нафт сохта шавад. Дар марҳилаи аввали он то 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ҷо бо кор таъмин хоҳанд шуд.Ин ширкат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо Корпоратсияи миллии нафтии Чин ташкил хоҳад кард.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд






