Мулоқоти Ҳ. Зарифӣ бо Ҳ. Ҳаутала
Душанбе, 2 май. (АМИТ «Ховар»).-30 апрели соли 2013 вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо ҳайати Ҷумҳурии Финляндия бо роҳбарии вазири рушди ҳамкориҳои байналмилалии ин кишвар хонум Ҳайди Ҳаутала баргузор гашт. Ҳайди Ҳауталаро Сафири Ҷумҳурии Финляндия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳаш дар шаҳри Хелсинки хонум Туула Юрёла ҳамроҳӣ кард. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳоеро, ки ба муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо вобастагӣ доранд, аз ҷумла татбиқи барномаҳоеро, ки аз тарафи Ҷумҳурии Финляндия дар Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба роҳ монда шудаанд ва лоиҳаҳое, ки дар оянда аз он ҷониб амалӣ хоҳанд гашт, баррасӣ намуданд. Инчунин дар мулоқот мавзӯи Конфронси сатҳи олӣ оид ба ҳамкории об, ки дар шаҳри Душанбе моҳи августи соли 2013 баргузор хоҳад гашт ва масъалаҳое, ки ба амнияти минтақавӣ вобастагӣ доранд, муҳокима шуданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






