Мулоқоти Абдумаҷид Достиев бо Марио Годино Де Матос

Май 30, 2013 11:06

Душанбе, 30 май (АМИТ «Ховар»).- 28 май мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Абдулмаҷид Достиев бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Португалия дар Федератсияи Русия Марио Годино Де Матос бо хоҳиши эшон баргузор шуд. Дар доираи суҳбат масоили дурнамои ҳамкориҳои байни Тоҷикистону Португалия баррасӣ гардиданд. Сафири ин кишвар аз ҷумла гуфт, ки табодули таҷрибаи кишварҳои мо дар ҳалли мушкилоти минтақавии захираҳои обӣ метавонад барои ҷонибҳо муфид бошад. Ӯ аз ҷумла дар бораи мушкилоти мавҷудаи баҳсноки миёни кишвараш ва Испания, ки дар натиҷаи муколимаи солим ҳалли худро ёфтааст, маълумот дод. Бино бар суханони сафир, 3 дарёи бузурге, ки аз аз қаламрави Португалия ҷориянд, ҳамагӣ аз Испания сарчашма мегиранд ва мушкилоти баҳсҳои обии миёни кишварҳо дар доираи ҳамоиш дар Иттиҳоди Аврупо ҳалли мусолиматомези худро ёфтаанд.Сафири Португалия аз сафари ҳайати кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Лиссабон, ки чанде пештар ба вуқуъ пайваст, ёдовар шуд ва изҳори умедворӣ намуд, ки натиҷаҳои мулоқоту нишастҳои ҷонибҳо дар ҷараёни ин сафар дар ҳалли баҳсҳои мушкилоти ҳавзаҳои обии минтақа мусоидат хоҳад кард.Дар навбати худ, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамтои португалии худро бо таърих ва фарҳанги бою ғании кишвар, азму талошҳои роҳбарияти ҷумҳурӣ дар мавриди таҳкими истиқлолияти давлатӣ, беҳдошти вазъи сиёсиву ҷамъиятӣ, иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ошно намуда, дар бораи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавқеи мо дар ҷомеаи байналмилалӣ маълумот дод. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки Тоҷикистон манфиатдори рушди муносибатҳои неку судманд бо Португалия мебошад.Сафири Фавқулодда ва Мухтори Португалия дар Федератсияи Русия Марио Годино Де Матос хабар дод, ки нияти сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад, зеро интизор меравад, ки кишвараш аз ин пас дар ҷумҳурии мо низ намояндагӣ кунад.

Май 30, 2013 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш