Мулоқоти Д. Саидов бо президенти Бонки Исломии Рушд
Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 18 майи соли 2013 дар доираи Вохӯрии 38-уми ҳарсолаи Шўрои Мудирони Бонки Исломии Рушд мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо президенти Бонки Исломии Рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ Ал-Маданӣ баргузор гардид.Тавре ки аз кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот сатҳи баланди ҳамкориву шарикии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гуруҳи Бонки Исломии Рушд зикр шуда, ҷараёни ҳамкориҳои мушаххаси судманд баррасӣ ва имкониятҳои ояндаи ҳамгироӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.Ҳамзамон зимни мулоқот масъалаҳои ташкилӣ ва барномаи чорабиниҳои дар доираи Вохӯрии 38-уми ҳарсолаи Шўрои Мудирони Бонки Исломии Рушд амалишаванда мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.Зимни мулоқот Давлаталӣ Саидов зикр намуд, ки Бонки Исломии Рушд яке аз аввалин ташкилотҳои байналмилалие мебошад, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориву ҳамгироиро ба роҳ мондааст. Дар ин ҷода, зиёда аз 15 сол аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама дар самти маблағгузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бахши давлатие, ки барои мамлакат афзалият доранд, бо Бонки Исломии Рушд ҳамкории муфид дорад.Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи комили имкониятҳои молиявии Бонки Исломии Рушд, аз ҷумла бо мақсади рушди бахши хусусӣ тавассути дастрасии онҳо ба воситаҳои молиявӣ, инчунин рушди мутақобилаи ҳамкорӣ ва шарикии байни кишварҳои узви Бонки Исломии Рушд, аз қабили истифодаи мутақобилаи технологияҳо, сармоягузории минтақавӣ, мубодилаи савдоӣ ва таҷриба байни давлатҳо ҳавасманд аст.Зикр гардид, ки аз оғози ҷараён гирифтани ҳамкориҳо маҷмӯи лоиҳаҳои якҷояи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд зиёда аз 23 адад созишномаҳо ба маблағи умумии 191,1 млн. доллари ИМА ташкил дода, 15 лоиҳаи кӯмаки техникӣ барои таҳияи асосноккунии техникию иқтисодӣ ва беҳдошти институтсионалии имкониятҳои вазорату идораҳои мамлакат ба маблағи умумии 4,5 млн. доллари ИМА амалӣ гардидааст. Дар айни замон, 15 лоиҳаи муштараки сармоягузорӣ пурра татбиқ шуд, ки дар доираи онҳо 64 млн. доллари ИМА аз худ гардид ва боз 8 адад лоиҳаи дигар ба маблағи 116,7 млн. доллари ИМА дар мавриди татбиқ карор дорад.Дар натиҷа тарафҳо ҷиҳати ҳамкории муштарак изҳори омодагӣ баён намуда, таъмини вохўрии навбатиро барои баррасӣ ва тасдиқи натиҷаҳои масъалаҳои гузошташуда иброз карданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






