Мулоқоти Э.Раҳмон бо Муовини сарвазир, Вазири молияи Кувайт

Май 21, 2013 13:13

Душанбе, 21 май (АМИТ «Ховар»).- Зимни суҳбат бо Муовини сарвазир, Вазири молияи Давлати Кувайт Мустафо Ясим ал Шамолӣ масоили ҳамкории ду кишвар, пеш аз ҳама дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ баррасӣ шуд.Як зумра санадҳои ҳамкории дуҷониба, ки зимни сафари давлатии қарибулвуқуи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт бояд ба имзо расанд, ба мувофиқа расид.Изҳори боварӣ карда шуд, ки ин сафар ва натиҷаҳои умедбахши он ба рушди бесобиқаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории барои ҳарду ҷониб судовар такони ҷиддӣ мебахшад.Робитаҳои Тоҷикистону Кувайт дар доираи Созмони ҳамкории исломӣ, Бонки исломии рушд ва хазинаҳои кувайтии рушд дорои дурнамои хуб номида шуд.
 
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Май 21, 2013 13:13

Хабарҳои дигари ин бахш