Мулоқоти Э.Раҳмон бо Муовини сарвазири Туркия оид ба иқтисодиёт ва молия

Май 21, 2013 13:17

Душанбе, 21 май (АМИТ «Ховар»).- Зимни мулоқоти самимӣ бо Муовини сарвазири Ҷумҳурии Туркия оид ба иқтисодиёт ва молия Алӣ Бобоҷон муносиботи дӯстию бародарӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Туркия дорои дурнамои умедбахш номида шуд.Алӣ Бобоҷон салому паёми Президент ва Сарвазири Туркияро ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонда, аз рушди бонизоми ҳамкори Туркия бо кишвари мо арзи хушнудӣ кард.Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи панҷ соли охир гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Туркия 90% афзудааст.Изҳори боварӣ карда шуд, ки татбиқи босамари санадҳои зиёди миёни Тоҷикистону Туркия имзошуда, ба густариши бештари робитаҳои судбахш боис мегардад.
 
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Май 21, 2013 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш