Мулоқоти Э.Раҳмон бо Р.Дрейфус
Душанбе, 15 май (АМИТ «Ховар»).- Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон узви Комиссияи байналмилалӣ бар зидди ҳукми қатл, собиқ Президенти Конфедератсияи Швейтсария хонум Рут ДРЕЙФУС-ро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон доир ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пешгирӣ аз таъин ва татбиқи ҳукми қатл баррасӣ шуд.Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар Тоҷикистон доираи таъин ва татбиқи ҳукми қатл солҳои 1998 ва 2003 хеле маҳдуд гардида, аз соли 2004 ба ин сӯй ба ин кор мороторий эълон карда шудааст. Ба ин тартиб, аз соли 2004 то имрӯз дар Тоҷикистон ҳукми қатл умуман таъин ва татбиқ нашудааст. Аз моҳи марти соли 2005 ба ҷойи ҳукми қатл ҷазои якумра маҳрум намудан аз озодӣ таъин карда мешавад.Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки аз моҳи апрели соли 2010 дар Тоҷикистон доир ба зарурати берун кардани ҳукми қатл аз қонунгузории кишвар гурӯҳи корӣ фаъолият дорад.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки давлати Тоҷикистон мавқеи ниҳоии худро доир ба ин масъала дар асоси хулосаҳои ин гурӯҳи корӣ, ки бо назардошти афкори ҷомеа ва таҷрибаи ҷаҳонӣ бароварда мешавад, муайян хоҳад кард.Хонум Рут Дрейфус таъкид дошт, ки «Тоҷикистон доир ба ин масъала дар роҳи дуруст қарор дорад» ва изҳори боварӣ намуд, ки «пурра бекор шудани ҳукми қатл дар ин кишвар дар ояндаи наздик ҳалли ниҳоии худро меёбад».Ӯ, ҳамчунин изҳор дошт, ки «Конфедератсияи Швейтсария ва дигар давлатҳою созмонҳои шарик ба Тоҷикистон дар ин масир кумак мерасонанд».
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






