Мулоқоти Э. Раҳмон бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумӣ Чжан Дэҷян
Душанбе, 21 май (АМИТ «Ховар»).-Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумӣ Чжан Дэҷян мулоқот намуд.Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба таҳкими минбаъдаи заминаи сиёсӣ ва қарордодию ҳуқуқии муносиботи Тоҷикистону Чин ва густариши робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.Чжан Дэҷян ба нақши барҷастаи Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими асосҳои давлатдории мустақили Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамкории созанда бо Ҷумҳурии Мардумии Чин баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор дошт: “Нақши шахсии Шумо натанҳо дар барқарорсозии сулҳ ва суботи сиёсӣ дар Тоҷикистон, балки дар асосгузории давлатдории миллӣ ва рушди иқтисодии кишвар робитаҳои байналмилалии он басо бузург аст”.Аз рушди бесобиқаи робитаҳои Тоҷикистону Чин, ки тайи солҳои охир дар бахшҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ, фарҳанг, маориф, тандурустӣ ва илму техника ба назар мерасад ва натиҷаҳои таконбахши сафари кунунии давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин арзи хушнудию сарфарозӣ карда шуд.Изҳори боварӣ карда шуд, ки ба сатҳи ҳамшарикии стратегӣ баромадани муносиботи ду кишвар ба таҳкими бештари ҳамсоягии наку, дӯстии боэътимод ва ҳамкории барои ҳарду ҷониб судовар асоси воқеӣ мегузорад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






