Мулоқоти Э. Раҳмон бо Сарвазири Қирғизистон
Душанбе, 28 май (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Бишкек Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо Сарвазири Қирғизистон Жанторо Сотиболдиев мулоқот намуд.Дар мулоқот паҳлӯҳои гуногуни ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар дар партави санадҳои нави имзошуда ва тавофуқоти ҳосилгардида баррасӣ шуд.Жанторо Сотиболдиев, аз ҷумла таъкид дошт, ки “Ҳукумати Қирғизистон барои татбиқи амалии саривақтӣ ва пурраи санадҳои дирӯз имзошуда аз ҳама имкону захираҳо босамар истифода мебарад”.“Мо хоҳони рушди бештари робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, бунёди корхонаҳои муштарак, ҳамгироӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, саноати кӯҳӣ ва дигар бахшҳои барои ҳарду кишвар афзалиятнок ҳастем”, — изҳор дошт Сарвазири Қирғизистон.Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз 37 миллион доллари амрикоии соли 2011 дар соли 2012 ба 80 миллион расид ва дар се моҳи соли равон бошад ин нишондод аллакай аз 35,5 миллион гузашт.Бо ишора ба чунин рушди тиҷорати дуҷониба изҳори боварӣ карда шуд, ки минбаъд робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар бо суръати аз ин бештар густариш меёбанд.Ҳарду ҷониб таъкид бар он доштанд, ки корҳоро барои сохтмони роҳҳои оҳану мошингарди минтақавӣ ва хатти барқии CASA-1000 тавассути қаламрави Тоҷикистону Қирғизистон суръат мебахшанд, то ки қудрати транзитии худро тақвият бахшанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






