Мулоқоти Э.Раҳмон бо Вазири молияи Бангладеш

Май 21, 2013 13:15

Душанбе, 21 май (АМИТ «Ховар»).- Дар вохӯрӣ бо Вазири молияи Бангладеш Абулмаол Мухит доир ба ташкил ва густариши ҳамкории судбахш миёни ду кишвар гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.Абулмаол Мухит бо таваҷҷуҳи хоса ба захираҳои фаровони табиии Тоҷикистон, аз ҷумла обу энергетика, маъданҳои кӯҳӣ ва алюминий ба ташкили ҳамкории густурдаи иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни Тоҷикистону Бангладеш изҳори ҳавасмандӣ кард.
 
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Май 21, 2013 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш