Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Акбаралӣ Песнанӣ

Май 4, 2013 09:13

Душанбе, 04 май (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Намояндагии доимии Хазинаи Оғохон дар Тоҷикистон Акбаралӣ Песнаниро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот доир ба ҷараёни ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Оғохон оид ба рушд ва дурнамои муносиботи судбахш гуфтугӯй сурат гирифт.Ба тавсиаи самтҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла дар бунёди зербинои ҷаҳонгардӣ, нерӯгоҳҳои барқӣ, хатҳои минтақавии интиқоли барқ ва дастгирии соҳибкории хурду миёна, ҳарду ҷониб изҳори ҳавасмандӣ намуданд.Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj» дастрас намоед.

Май 4, 2013 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш