Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Бозор Собир
Душанбе, 30 май (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоири маъруфи тоҷик Бозор Собирро ба ҳузур пазируфт.Дар оғози суҳбат Бозор Собир, ки солҳои зиёд дур аз Тоҷикистон, дар Амрико иқомат дошт, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири даъват барои бозгашт ба Ватан арзи сипосу қадрдонӣ намуд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки «Шумо ҳамеша дар ёди мо будед ва ҳастед ва ин бори аввал нест, ки мо Шуморо ба Ватан даъват кардаем».Зимни суҳбат доир ба имрӯзу ояндаи фарҳанги миллии Тоҷикистон, шеъру шоирӣ ва тақвияти пайванди наслҳо дар ин самти барои рушди арзишҳои волои миллию давлатдорӣ басо муҳим гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.Тавре зикр гардид, Бозор Собир ин дафъа ба Ватан барои иқомати доимӣ баргаштааст.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






