Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Эстония

Май 6, 2013 17:07

Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Эстония Андрус Ансипро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамгироии сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шуд.Ҳарду ҷониб ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла бо назардошти имконоти нави воридшавӣ ба бозори кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Нақши транзитии Эстония, аз ҷумлаи бандарҳои обии он низ муҳим дониста шуд.
 
Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, сабук ва хӯрокворӣ ва ҳамчунин кишоварзӣ ва ҷаҳонгардӣ дорои дурнамои умедбахш номида шуд.Бо назардошти марзи тӯлонӣ бо Афғонистон ва дар сафи пеши мубориза бо хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир қарор доштани Тоҷикистон ба таҳкими ҳамгироии бисёрҷониба дар ин самти ҳамкорӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илму техника ва фарҳанг сурат гирифт.
Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj» дастрас намоед.

Май 6, 2013 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш