Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин
Душанбе, 28 май (АМИТ «Ховар»).-Нимаи дуюми рӯз дар шаҳри Бишкек Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуд.Владимир Путин зимни суҳбат ба масоили амнияти минтақавӣ ва ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ дахл намуда, аз коҳиш ёфтани ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни ду кишвар дар соли 2012 изҳори нигаронӣ кард. Ӯ, аз ҷумла изҳор дошт: “мо бояд сабабҳои ин тамоюлро таҳлил намуда, барои бартараф намудани онҳо чораҳо андешам ва боварӣ дорам, ки ин ҳолат ислоҳшаванда аст, зеро Русия ҳамоно бузургтарин шарики тиҷоратӣ ва сармоягузор ба иқтисодиёти Тоҷикистон боқӣ мемонад”.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки тавофуқоти зимни сафари порсолаи Президенти Русия ба Тоҷикистон ҳосилшуда, ба тасвиб расида, татбиқи амалиашон оғоз меёбад.Доир ба дастгирии техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва умуман Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, аз ҷумла бо назардошти дурнамои авзои Афғонистон пас аз соли 2014, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.Ҳамчунин доир ба роҳҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, илму техника, маориф, фарҳанг ва атрофи густариши робитаҳо миёни минтақаҳои ду кишвар гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






