Мулоқоти Маҳмадамин Маҳмадаминов бо Омина Афзалӣ
Душанбе , 21 май. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз 20-уми майи соли равон вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов вазири кор, умури иҷтимоӣ ва шаҳидони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон хонум Омина Афзалӣ ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Абдулғафур Орзуро ба ҳузур пазируфт. Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба ҳамкориҳои дуҷониба ибрози назар карда, ҷиҳати густариши робитаҳои минбаъдаи тарафайн изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҳайати афғонистонӣ бештар ба масъалаҳои табодули таҷриба барои рушди меҳнат, аз ҷумла касбомӯзӣ, умури иҷтимоӣ ва сиҳатию тавонбахшии маъюбон таваҷчуҳ зоҳир намуд. Маврид ба ёдоварист, ки дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо умедвории худро ба рушду густариши ҳамкории минбаъда ва зарурати ба имзо расонидани Созишнома дар бораи ҳамкории тарафайн байни Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати сиҳати оммаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Вазорати кор ва умури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъкид доштанд. Дар ин бора аз Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






