Мулоқоти Р. Раҳимов бо З. Волфганг

Май 13, 2013 14:28

Душанбе, 13 май. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Имрӯз, 13-уми май вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов бо роҳбари Институти ҳамкориҳои байналмилалии Хазинаи Ҳанс Зайдел —доктор Ҳегемер Кристиан , Президенти полиси Бавария— Зоммер Волфганг ва Энклинг Герд –роҳбари Раёсати тайёрӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассуси полиси Бавария вохӯрии корӣ доир намуд. Бар пояи иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимов зикр намуд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди ин ду ниҳод минбаъд боз ҳам вусъат меёбанд ва далели ин баргузории конфронси дар пешистода бо дастгирии Институти ҳамкориҳои байналмилалии Хазинаи Ҳанс Зайдел аст. Зоммер Волфганг омодагияшро барои ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои омӯзиш ва баланд бардоштани сатҳи тахассуси кадрҳои мақомоти корҳои дохилӣ ва ислоҳоти милитсия иброз намуд. Ҳамчунин дар ин мулоқот оид ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла, бар зидди терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ва маводи нашъовар ва инчунин ҳамкории милитсия бо ҷомеа гуфтугӯи судманд анҷом дода шуд.

Май 13, 2013 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш