Мулоқоти раиси Парлумон бо ҳайати Комиссияи байналмилалӣ
Душанбе, 15 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Ҷиҳати таҳлили асосҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоии мавҷудияти ҷазои қатл дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби шахсони аввали вазорату идораҳо, судҳои ҷумҳурӣ ва олимону коршиносон 8 апрели соли 2010 гуруҳи корӣ таъсис дода шудааст». Ин матлабро Шукурҷон Зуҳуров- раиси Маҷлиси намояндагон дар ҷараёни мулоқоташ бо ҳайати Комиссияи байналмилалӣ бар зидди хукми қатл таҳти роҳбарии собиқ Президенти Швейтсария хонум Рут Дрейфус иброз дошт. Мавсуф зикр кард, ки гуруҳи мазкур баҳри амалӣ намудани фаъолияташ нақшаи корӣ оид ба таҳлили асосҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоии мавҷудияти ҷазои қатл дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2010-2013 – ро тартиб дод. Тибқи ин нақша, гуруҳи корӣ ҷаласаҳо гузаронида, 4 маротиба бо иштироки масъулини вазорату идораҳо ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ машварат доир намуд. Ш. Зуҳуров гуфт, ки дар айни замон дар «Нақшаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони милали Муттаҳид /СММ/ оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба шарҳи универсалии даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2015» тасдиқ намудани Протоколи дуюми факултативӣ ба Қатъномаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ, ки ба манъи ҳукми қатл равона карда шудааст, бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2013 тасдиқ шудааст. Солҳои 2010 ва 2012 Тоҷикистон дар Ассамблеяи Генералии СММ ба резолютсияҳои СММ дар бораи моратория ба татбиқи ҷазои қатл овоз дод. Таъкид гардид, ки бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ» ҷазои қатл ҳамчун чораи истисноӣ танҳо барои 5 ҷиноят-одамкушӣ (қисми дуюми моддаи 104), таҷовуз ба номус (қисми сеюми моддаи 138), терроризм (қисми чоруми моддаи 179), генотсид (моддаи 398) ва биотсид (моддаи 399) муқаррар карда шуд. Бо қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2004 «Дар бораи боздоштани ҷазои қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба иҷрои ҷазои қатл ва минбаъд таъйин накардани он моратория эълон карда шуд, ки он аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилаӣ ҷонибдорӣ гардид. Тибқи қонуни мазкур ҷазои қатл дар Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳое, ки дар қисми дуюми моддаи 104, қисми сеюми моддаи 138, қисми сеюми моддаи 179, моддаҳои 398 ва 399 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида буданд, боздошта шуданд. Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2005 ба Кодекси ҷиноятӣ моддаи 581 ворид гардид, ки тибқи он ҷазои қатл барои содир кардани ҷинояти махсусан вазнин ба ҷазои як умр маҳрум кардан аз озодӣ иваз карда шуд. Дар фарҷом хонум Рут Дрейфус аз корҳои анҷомдодаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони он дар самти ҳимоя ва ҳифзу ҳуқуқҳои инсон изҳори қаноатмандӣ намуд. Мусоҳибон ҳамзамон доир ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ибрози назар карданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






