Мулоқоти соҳибкорони тоҷик бо ҳайати мушовирони Эрон

Май 24, 2013 11:37

Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар»). – 23 май дар шаҳри Душанбе мулоқоти соҳибкорони тоҷик ва ҳайати Эрон бо сардории ноиби президенти Федератсияи мушовирони кишварҳои исломӣ, раиси Иттиҳодияи мудирон ва мушовирони техникӣ Сиёмак Давлатшоҳӣ баргузор гардид. Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Асаналӣ Карамалиев аз фаъолияти палата нақл кард. Сиёмак давлатшоҳӣ дар навбати худ аз фаъолияти Федератсия ва Иттиҳодия, ки ба он 20 нафар муҳандистон ва беш аз 10 ширкати пудратӣ шомиланд, хабар дод.Назар ба гуфтаи ноиби президент, бисёр ширкатҳои Эрон, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, аъзои Федератсия буда, омодаанд, ки ба бахши инфиродии Тоҷикистон хидмат расонанд. Аъзои ҳайат ҳамчунин аз самтҳои фаъолияти худ нақл карданд.

Май 24, 2013 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш