Мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Зайд Саидов

Май 24, 2013 10:18

Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар»). — 23 майи соли ҷорӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода бо Саидов Зайд Шерович дар ҳузури се ҳимоятгари ў (И. Табаров, Ф.Зокиров, Ш.Қудратов) вохўрӣ анҷом дод. Ҳангоми вохўрӣ оид ба шароити нигоҳдорӣ ва имконияти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ў гуфтугў сурат гирифт.Бояд қайд кард, ки ҳангоми суҳбат бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон З.Саидов аз шароити ҷойи нигоҳдорӣ ва муносибати кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия изҳори миннатдорӣ намуд. Ў қайд кард, ки оид ба айбдориҳое, ки нисбати ў аз ҷониби мақомоти номбурда пешниҳод шудааст, далелу санадҳоро ба воситаи адвокатҳои худ гирд оварда, пешниҳод карда истодааст.Ҳамчунин З.Саидов иброз намуд, ки дар атрофи номи ў аз ҷониби шахсони алоҳида ва воситаҳои ахбори омма ҳангомаҳо ташкил шуда истодаанд, ки онҳо нодаркоранд ва ба ў лозим нестанд.Нисбати айбдориҳои ба З.Саидов пешниҳодшуда, тафтишот идома дошта, мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон онро пайгирӣ хоҳад кард.Хадамоти матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 24, 2013 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш