Мулоқоти Виктор Никитюк бо Мирзошоҳрух Асрорӣ

Май 24, 2013 14:26

Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева ).- Имрӯз, 24 майи соли 2013 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк баргузор гардид. Тавре ки сармутахассиси Вазорати фарҳанг Раҳматулло Раҳматуллоев иттилоъ дод, дар вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои фарҳангии байни ду кишвар баррасӣ гардид. Сафири Украина ба вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки Вазорати фарҳанги Украина нақшаи гузаронидани Рӯзҳои фарҳанги Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 23 то 27 июн тасдиқ намудааст. Дар чаҳорчӯбаи Рӯзҳои фарҳангии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор аст барномаҳои консертии ансамбли вокалӣ-инструменталии «Древляни», Оркестри миллии академии асбобҳои халқии Украина, ҳафтаи синамои Украина пешкаши тамошобинони тоҷик гардад. Ҳайати расмии ҷониби украиниро ҷонишини вазири фарҳанги Украина Виктор Балюрко роҳбарӣ хоҳад намуд.

Май 24, 2013 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш