Мулоқоти Зубайдулло Зубайдов бо Носир Сабоҳ Аҳмад ас Сабоҳ

Май 10, 2013 10:35

Душанбе, 10 май (АМИТ «Ховар»).- 5 майи соли 2013 мулоқоти Сафири Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдов бо вазири Девони Амири Давлати Кувайт шайх Носир Сабоҳ Аҳмад ас Сабоҳ доир гашт. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор доданд. Инчунин масъалаҳои марбут ба ташкили ҷаласаи нахустини Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва техникию илмӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар маъракаҳои дуҷонибаи қарибулвуқуъ баррасӣ шуданд.

Май 10, 2013 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш