Мусобиқаи футбол миёни дастаҳои лигаи олии кишвар

Май 4, 2013 11:24

Душанбе,4 май. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат)- 4-уми май бозиҳои даври панҷуми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор мешаванд.Тавре ки дар ин бора аз Федератсияи футболи кишвар хабар доданд, пагоҳ ду бозии даври панҷум миёни дастаҳои «Энергетик»-и Душанбе ва Истиқлол-и Душанбе дар пойтахт ва Парвоз-и Бобоҷон Ғафуров ва мизбон «Вахш»-и Қӯрғонтеппа баргзор мегардад.5-уми апрел дастаҳои ССКА «Помир»-и Душанбе бо Равшан-и Кӯлоб ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо «Истаравшан»-и Истаравшан бо ҳам рақобат мекнанд.Дидори охирини даври панҷум рӯзи 6-уми май миёни дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Румӣ доир мешавад.Ёдрас мешавем, ки дар чор даври аввали мусобиқаи олии Тоҷикистон-2013 дастаи Истиқлол-и Душанбе бозии хуб нишон дода, дар садри ҷадвал қарор дорад. Дастаҳои «Регар ТадАЗ» ва «Энергетик» баъди дастаи «Истиқлол» қарор доранд.

Май 4, 2013 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш