Мусодираи маводи нашъаовар

Май 16, 2013 10:49

Душанбе, 16 май. (АМИТ «Ховар»). – Кормандони милисаи Тоҷикистон дар ҷануби кишвар беш аз 50 килограмм маводи нашъаоварро мусодира намуданд.Назар ба хабари сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, чор нафар шаҳрвандони ҶТ бо гумонбари қочоқи ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир шуданд.Мувофиқи маълумоти манбаъ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми тафтишот аз гурӯҳи чорнафара 50 килограмму 697 грамм маводи нашъаоварро пайдо ва мусодира намуданд.Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад.

Май 16, 2013 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш