Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Таиланд

Май 17, 2013 17:22

Душанбе, 17 май (АМИТ «Ховар»).- Музокироти расмии сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Таиланд дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Йинглак Шинаватра сурат гирифт.Маросими расмии истиқбол дар саҳни ҳавлии бинои Ҳукумати Шоҳигарии Таиланд баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири ин кишвар хонум Йинглак Шинаватра пешвоз гирифта, ба болои минбари фахрӣ даъват намуд.Маросими истиқболи расмӣ бо садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, гузаштан аз назди горди фахрӣ ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо аксбардории расмӣ дар назди парчамҳо ба поён расид.Зимни мулоқоту музокироти расмӣ масоили вобаста ба муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахши ду кишвар дар самтҳои сиёсат, иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ баррасӣ шуд.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки равобити ду кишвар масири дӯстии самимӣ ва ҳамшарикии созандаро касб кардаанд.Доду гирифти мол ва сармоягузорӣ, соҳаҳои кишоварзӣ ва хоҷагии об, туризм, маориф, фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, бахшҳои энергетика, саноати сабук, хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт аз ҷумлаи самтҳои ҳамкории фарогир номида шуд.Барои густариши бештари робитаҳои ду кишвар ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Бангкок зарур шумурда шуд.Пас аз анҷоми мулоқоту музокирот дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Йинглак Шинаватра Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Таиланд доир ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз андозсупорӣ аз даромад ва сармоя ва ҳамчунин Баёнияи муштарак аз натиҷаҳои музокироти расмӣ ба имзо расид.

Май 17, 2013 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад