Нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд

Май 17, 2013 15:10

Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Вазорати мудофиаи Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ пеш аз муҳлат ва барзиёд иҷро шудааст.Гуфта мешавад иҷрои нақша дар вилояти Суғд ба 100,1 дарсад, дар вилояти Хатлон 101,4 %, дар ВМКБ 100 фоиз, дар комисариатҳои ҳарбии навоҳии тобеи марказ 100,2 дарсад ва дар чаҳор ноҳияи пойтахт ба 101,1 дарсад расида, дар маҷмуъ нақшаи ҷумҳуриявӣ 100,67 иҷро шудааст. Ҷавонписароне, ки аз рӯзҳои аввали даъват ба артиш шомил гардидааанд, ҳоло дар қисмҳои ҳарбӣ пас аз хатми курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ савганди ҳарбӣ ёд намуда истодаанд. Даъвати баҳорӣ дар Тоҷикистон ҳамасола дар моҳҳои апрелу май баргузор гардида, ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҷавонони 18-27 сола даъват мешаванд.

Май 17, 2013 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш