Нақши ҲХДТ дар фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда
Душанбе, 30 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Имрӯз дар Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ибтикори Маркази таблиғот ва таҳлилӣ дар ҳамкорӣ бо Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши ҲХДТ дар фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои шаҳрвандон» мизи мудаввар баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур вакилони парлумо — аъзо Фраксияи ҲХДТ, раисон ва кормандони масъули кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва васоити ахбори омма ширкат варзиданд.Мизи мудавваро муовини якуми Раиси ҲХДТ Сафар Сафаров ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз натиҷаҳои амалигардии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ҳарф зада, доир ба дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ҷалби сармоягузорӣ, бунёди роҳу иншоот ва дар маҷмӯъ оид ба пешрафти давлат ибрози назар намуд. Ӯ ҳамаи инро заминаи боэътимод барои фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистилол номид.Баъдан, кори мизи мудавварро Раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирова идома дода, доир ба мавзӯъҳои «Таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон — мақсади ҲХДТ», «Амалигардии барномаҳои ҲХДТ дар рушди иқтисодии Тоҷикистон», «Рушди маориф ва тарбияи ҷавонони соҳибкасб — ҳадафи стратегии ҲХДТ», «Таҳкими заминаи ҳуқуқӣ баҳри рушди бонизоми иқтисодиёт» маърӯзаи вакилони парлумон Маҳмадалӣ Ватанов, Марҳаббо Ҷабборова, Сафаралӣ Гулов, Салимзод Олим, Давлаталӣ Давлатзода ва коршиноси Маркази таблиғот ва таҳлилии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, доктори илми иқтисод Аброр Мирсаидов шунида шуд.Дар музокира раисони кумитаи иҷроияи ҳизбӣ Ҷамшед Саидов, Умринисо Казакова, аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» Комил Саидзода баромад намуда, вобаста ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.Маърӯзаҳои пешниҳодшуда дар шакли муфассал дар қисмати «Андеша»-и сомонаи расмии ҲХДТ «www.tribun.tj» ҷой дода мешавад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» роҳбари Маркази таблиғот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ Адҳам Мирсаидов иттилоъ дод.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






