Намоишгоҳи навовариҳои БИРушд — 2013 дар Душанбе
Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрўз дар бинои «Кохи Сомон» раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои мудирони Бонки Исломии Рушд Давлаталӣ Саидов ва Президенти Бонки Исломии Рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ Ал-Маданӣ ба намоишгоҳи навовариҳои Бонки Исломии Рушд – 2013, ки ба Вохўрии 38-уми ҳарсолаи Шўрои мудирони Бонки Исломии Рушд бахшида шудааст, ба таври расмӣ ҳусни оғоз бахшиданд. Аз Кумитаи сармоягузорӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки намоиши мазкур таҳти шиори “Инноватсия, ҷоригардонии он ва гирифтани суд” сурат гирифта, дар он навовариҳои корхонаву ташкилотҳои кишварҳои Қазоқистон, Фаластин, Нигерия, Марокко, Покистон, Бангладеш, Туркия, Малайзия, Тоҷикистон, сохторҳои Гуруҳи Бонки Исломии Рушд ва дигарҳо муаррифӣ гардиданд. Лоиҳаҳои намоишгоҳ аз рўи меъёру омилҳо, аз қабили хосиятҳои барҷастагӣ, инноватсионӣ ва беназирии онҳо, ки алҳол ҷиҳати рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳо татбиқ шудаанд ва барои ҷорӣ намудан дар дигар давлатҳои узви Бонки исломии Рушд мавнфиатоваранд, интихоб шудаанд. Бонки Исломии Рушд ҳалли инноватсионии масъалаву мушкилотро ҳамчун мавзўи асосии вохўрии 38-уми ҳарсолаи Шўрои мудирони Бонки Исломии Рушд интихоб намуда, дар ҳама чорабиниҳо баррасии натиҷаҳои ҷорӣ намудан ва ё дарёфти роҳҳои ҳалли инноватсионии масъалаҳои соҳаҳои гуногун матраҳ хоҳанд шуд. Дар ин ҷода, лоиҳаҳои муаррифишавандаи намоишгоҳ натиҷаи амалҳои то ҳол ҷоришудаи инноватсиониро дар бархе аз мамлакатҳои узви Бонки Исломии Рушд, ки ҷиҳати беҳдошти зиндагонии мардум шароити мусоид фароҳам сохтаанд, ифода мекунанд. Дар назар аст, ки намоишгоҳи мазкур ҳамчун минбари беҳамто барои ашхос ва ташкилотҳое, ки ҷиҳати пешбурди инноватсия дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ кўшиш ба харҷ медиҳанд, инчунин барои мубодилаи афкору таҷрибаи самти мазкур бо ҳавасмандони эҳтимолӣ заминаи муфид хоҳад гузошт.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






